Cафорати Ҳиндустон ошкор шудани камбудиҳо дар корҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Варзоб-1»-ро рад мекунад



Сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар робита ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик» оид ба

ошкор шудани камбудиҳо

дар корҳои таҷдиди нерӯгоҳӣ обӣ-барқии «Варзоб-1», ки ба он ширкатҳои ин кишвар масъул буданд, нигаронӣ изҳор намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Ҳиндустон дар ҶТ хабар доданд, зимни корҳои таҷдиди нерӯгоҳ ба он техникаву таҷҳизоти хушсифат насб шудааст, ки комилан тавассути компютер идора мешавад.

Дар сафоратхона зикр карданд, ки моҳи октябри соли гузашта зимни ташрифи муҳандисон аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ошкор шудааст, ки касе тамоми барномаи низоми назоратро аз компютер хориҷ карда, турбинаҳо аз кор бозмондаанд.

«Мо чандин маротиба ба ширкати «Барқи тоҷик» пешниҳод кардем, ки муҳандисони онҳоро биомӯзонем, то ки фаъолияти нерӯгоҳро муътадил таъмин намоянд», – иброз доштанд дар намояндагии дипломатии Ҳиндустон.

Бино ба маълумоти сафоратхона, айни замон 4 муҳандиси ширкати BHEL муҳандисони ширкати «Барқи тоҷик»-ро бо тарзи дурусти истифодаи нерӯгоҳ меомӯзонанд.

Ёдрас мекунем, ки ба корҳои азнавсозии нерӯгоҳи обиву барқии «Варзоб-1» ду ширкати Ҳиндустон – Bharat Heavy Electricals Limited (BHEL) и National Power Corporation (NHPC) машғул мебошанд. Аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон барои амалисозии ин лоиҳа дар ҳаҷми 17 млн. доллари ИМА бурс ҷудо карда шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ахири сафоратхонаи Ҳиндустон, минбаъд ин маблағ то 24 млн. доллари ИМА афзудааст.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», пас аз анҷоми корҳои таҷдид иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-1» аз 7,4 то 9,4 МВТ афзуда, муҳлати коршоямии нерӯгоҳ ба муддати 50 соли дигар тамдид меёбад.

Силсилаи нерӯгоҳҳои Варзоб аз се нерӯгоҳ иборат буда, иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-2» аз  ҳама бештар – 14,76 МВт аст. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Варзоб-1» – 7,4 МВт ва «Варзоб-3» – 3,52 МВт-ро ташкил медиҳад.

Нерӯгоҳи «Варзоб-1» аввалин нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ маҳсуб ёфта, соли 1936 ба истифода дода шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное