Гурӯҳҳои кории Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи бахши кишоварзӣ озими минтақаҳои кишвар шуданд

Date:


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади муайян кардани вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳияи тавсияҳо баҳри ба даст овардани нишондиҳандаҳои истеҳсолии баланд Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовинони вазир гурӯҳҳои корӣ ташкил намуд ва чанде қабл ин гурӯҳҳо озими минтақаҳои ҷумҳурӣ шуданд.




Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ба ҳайати он 35 нафар мутахассисону коршиносони бахши кишоварзӣ шомил гаштанд.



Ба гуфтаи ӯ, зимни сафар аъзои гурӯҳ масоили рушди соҳаи пахтакорӣ, омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии пахта, тайёр кардани тухмӣ барои кишт дар мавсими соли 2009, таъмини кишоварзон бо нуриҳои минералӣ, баргузории намоишгоҳҳои кишоварзон ва дигар масоили ҳалталаби соҳаро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Аз рӯи натиҷаҳои сафар аъзои гурӯҳ ҳисобот ва тавсияву пешниҳодотро ҷиҳати вазъи воқеии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ омода сохта, онро ба раҳбарияти вазорат пешниҳод хоҳанд сохт, то барои ҳалли он чораҳои зарурӣ андешида шавад.



Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи кориро ба вилояти Суғд муовини аввали вазири кишоварзӣ Султон Валиев, ба вилояти Хатлон муовини вазир Шукрулло Раҳимназаров, ба водии Рашт ва Бадахшон муовини вазир Сиҷоуддин Исроилов ва ба ноҳияҳои тобеи марказ муовини вазир Маҳмуд Қодиров роҳбарӣ мекунанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...