Ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад

Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 14-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ҷаноби Ларс Таннелро ба ҳузур хоҳад пазируфт. Дар мулоқот масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Имрӯз менеҷери Лоиҳа оид ба рушди муҳити корӣ дар Тоҷикистон Венде Вернер ба рӯзноманигорон изҳор дошт, […]

Виктория Наумова


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 14-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ҷаноби Ларс Таннелро ба ҳузур хоҳад пазируфт. Дар мулоқот масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.




Имрӯз менеҷери Лоиҳа оид ба рушди муҳити корӣ дар Тоҷикистон Венде Вернер ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки зимни сафари серӯза Л.Таннел бо муштариёни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки аввалини хурди молиявӣ» ва раҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» мулоқот хоҳад орост.



Интизор меравад, ки ноиби президенти корпоратсия 15-уми август ба Хоруғ сафар намуда, дар он ҷо бо фаъолияти ширкати энергетикии «Помир-Энержи» аз наздик ошно мегардад ва бо раиси вилоят низ дидору гуфтушунид хоҳад кард. Рӯзи шанбе Л.Таннел дар Хуҷанд бо раҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» мулоқот доир мекунад.



«Боздиди мазкур гувоҳи он аст, ки корпоратсия ният дорад, муносиботи шарикии худро бо Тоҷикистон густариш диҳад ва ба рушди соҳибкории рақобатпазир, беҳбуди дастрасӣ ба сармоягузорӣ ва тавсеъаи ҳамаҷонибаи муносиботи ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат намояд», – таъкид сохт В.Вернер.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.