Ширкати Санкт-Петербург барои кор дар Русия аз Тоҷикистон мутахассис интихоб мекунад

Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ширккати «Техномодум»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия ният дорад, дар Русия муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо кор таъмин намояд. Роҳбари гурӯҳи ширкат Денис Заятс, ки чанде қабл ба Душанбе омад, изҳор дошт, ки масоили ҳамкорӣ дар ин самт зимни мулоқоташ бо муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Субҳиддин Ашӯров баррасӣ шуданд. […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ширккати «Техномодум»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия ният дорад, дар Русия муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо кор таъмин намояд.




Роҳбари гурӯҳи ширкат Денис Заятс, ки чанде қабл ба Душанбе омад, изҳор дошт, ки масоили ҳамкорӣ дар ин самт зимни мулоқоташ бо муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Субҳиддин Ашӯров баррасӣ шуданд.



Ба гуфтаи Д.Заятс, ӯ аъзои комиссия оид ба муҳоҷирати меҳнатии мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург мебошад. «Мо ният дорем, аввал дар Тоҷикистон барои муҳоҷирони меҳнатӣ курсҳои омӯзиши касб, огоҳӣ бо қонунгузории Русия ва забони русӣ ташкил намуда, сипас онҳоро ба кор ҷалб кунем», – гуфт вай.



Мавсуф зикр кард, ки ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар назар аст. Ҳамчунин бо шаҳрвандоне, ки тавассути дастгирии вазорат хоҳиши кор дар ширкатро доранд, мулоқоту вохӯриҳо доир карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар доираи сафар Д.Заятс аз намоишгоҳҳои ҷойҳои кории холӣ дар пойтахт (14-уми август) ва шаҳри Хуҷанд (16-уми август) низ боздид хоҳад кард.



Д.Заятс иброз дошт, ки ширкат қаблан низ дар сатҳи ҳамкорӣ бо муассисаву агентиҳои хусусӣ ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ сарукор доштааст, вале аз моҳи апрели соли равон ҳамкориро дар сатҳи расмӣ ба роҳ мондааст. Дар чаҳорчӯбаи ин ҳамкорӣ ширкати «Техномодум» 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷои кор таъмин кардааст.



Қобили зикр аст, ки ширкати «Техномодум» дар соҳаи хизматрасонӣ ба корхонаҳои саноатӣ фаъолият дорад ва дар он ҳудуди 1 ҳазор нафар машғули кор мебошанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.