Гурӯҳҳои кории Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи бахши кишоварзӣ озими минтақаҳои кишвар шуданд

Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади муайян кардани вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳияи тавсияҳо баҳри ба даст овардани нишондиҳандаҳои истеҳсолии баланд Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовинони вазир гурӯҳҳои корӣ ташкил намуд ва чанде қабл ин гурӯҳҳо озими минтақаҳои ҷумҳурӣ шуданд. Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади муайян кардани вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳияи тавсияҳо баҳри ба даст овардани нишондиҳандаҳои истеҳсолии баланд Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовинони вазир гурӯҳҳои корӣ ташкил намуд ва чанде қабл ин гурӯҳҳо озими минтақаҳои ҷумҳурӣ шуданд.




Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ба ҳайати он 35 нафар мутахассисону коршиносони бахши кишоварзӣ шомил гаштанд.



Ба гуфтаи ӯ, зимни сафар аъзои гурӯҳ масоили рушди соҳаи пахтакорӣ, омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии пахта, тайёр кардани тухмӣ барои кишт дар мавсими соли 2009, таъмини кишоварзон бо нуриҳои минералӣ, баргузории намоишгоҳҳои кишоварзон ва дигар масоили ҳалталаби соҳаро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Аз рӯи натиҷаҳои сафар аъзои гурӯҳ ҳисобот ва тавсияву пешниҳодотро ҷиҳати вазъи воқеии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ омода сохта, онро ба раҳбарияти вазорат пешниҳод хоҳанд сохт, то барои ҳалли он чораҳои зарурӣ андешида шавад.



Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи кориро ба вилояти Суғд муовини аввали вазири кишоварзӣ Султон Валиев, ба вилояти Хатлон муовини вазир Шукрулло Раҳимназаров, ба водии Рашт ва Бадахшон муовини вазир Сиҷоуддин Исроилов ва ба ноҳияҳои тобеи марказ муовини вазир Маҳмуд Қодиров роҳбарӣ мекунанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.