Анонс
– Оғози кори иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум дар Душанбе. Оғоз соати 09:00;
– Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе (кӯч. М.Турсунзода, 28) оид ба масоили муҳими омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон конфронси байнулмилалии илмиву амалӣ доир мегардад. Оғоз соати 09:00;
– Дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ таҳти унвони «Рушди минтақаҳо» симпозиум баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;
– Дар дафтари кории Барномаи рушди СММ (кӯч. Айнӣ, 39) бахшида ба Рӯзи байнулмилалии бидуни табъиз мизи гирд барпо мешавад. Оғоз соати 09:45;
– Дар толори конфронси бинои «Вефа-Сентр» ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи мубориза бо табъиз чорабиниҳо гуногун созмон дода мешаванд;
– Дар бинои «Тоҷикматлубот», ошёнаи 6-ум ба муносибати оғози лоиҳаи нави «Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии маҳбусон ва собиқ маҳбусон дар Тоҷикистон» конфронси матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 11:00.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.8059
сомонӣ;
1
евро
– 6.5480
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1343
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
2000
– Маъракаи интихобот ба Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати дуюм баргузор шуд.
2005
– Маъракаи интихобот ба Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати сеюм баргузор шуд.
2008
— Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон»-ро қабул кард.
1933
– Зодрӯзи Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳмон Раҳимов.
1941
– Мавлуди доктори улуми филология, профессор, арбоби давлатӣ Абдунабӣ Сатторзода.
1963
– Зодрӯзи рӯзноманигор, нависанда Гули Зард.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот (борон, барф), рӯзона бидуни боришоти назаррас, дар ноҳияҳои ҷудогона туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона -3-8.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона 0+5.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот (борон, барф), рӯзона бидуни боришоти назаррас, дар ноҳияҳои ҷудогона туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1+4.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -2-7.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот (борон, барф).
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +5+7.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +4+6.



