Умед Бобохонов: Ҳамаи ин хандаовар мебуд, агар…



Аслан қарори суд барои идораи мо ғайримунтазира набуд. Дарвоқеъ ҳам хеле соддадил мебояд буд, то дарк насозӣ, ки чаро нисбати «Азия-Плюс» ҳамин тарз дастаҷамъона, гӯё тибқи супориш якбора 5 иттиҳодияҳои эҷодиву илмӣ ба суд муроҷиат карданд ва ин даъвои аҷоиб бидуни назардошти ақли солим аз ҷониби суд қабул ва «то пирӯзӣ» расонида шуд.


Боз як лаҳзаи ҷолиб – мурофиаи судӣ муддати 7 (ҳафт!) моҳи комил ҷараён дошт. Чаро? Охир дар парванда ҳолатҳои чигилу нофаҳмо, ки тафтиш дар муддати тӯлониро тақозо мекунанд вуҷуд надошта, ҳамчунин шоҳидони сершумор, ки бозпурсиашон зарур буд, низ ҳузур надоштанд. Он ҷо танҳо як ибораи Ленин ва андешаи журналист дар бораи ҳақ будани Владимир Илич ҷой дошт. Тамом! Фикр мекунам, судяе, ки ба салоҳият ва тахассуси касбиаш ман шахсан шакку шубҳае надорам, пас аз шиносоӣ бо аризаи даъвогии «намояндагони зиёиён» дарҳол барои худ хулосае баровардааст. Агар ӯ мустақилона қарор қабул мекард, мо аз «тарафдор»-у «муқобил»-и он ҳанӯз моҳи августи соли гузашта огоҳ мегардидем. Аммо маҳз дар ҳамин мушкилоти кишвари мо ифода меёбад, ки қарорҳои суд тамоман дар кабинетҳои дигар қабул карда мешаванд.

Шахсони наздик ба долонҳои ҳукумат фарзия пеш меоранд, ки кадоме дар кабинети боло тасмим гирифтааст, ки «Азия-Плюс»-ро танбеҳ дода, ҳамзамон қабл аз маъракаи муҳими сиёсӣ лаҷоми ӯро ба даст бигирад. Чархчаҳои мошини судии тоҷик ба даврзанӣ оғоз карданд. Баъдтар маъракаи сиёсӣ хотирҷамъона гузашта, қазияро ба гӯшаи фаромӯшӣ афканданӣ буданд, вале баъди як силсила маводи интиқодӣ боз супориши нав рӯйи кор омад – қазия то нуқтаи ниҳоӣ расонида шавад!

Дар ин фарзияи рӯйдод ва фиреби назар оид ба низоми судии мо ҳеҷ чизи ғайриоддие нест. Гузашта аз ин, фикр мекунам, барои идораи газета низ қарор он қадр ташвишовар нест. Моро ба интишори раддия уҳдадор карданд? Хуб. Дар ин ҳолат чӣ гуна раддия буда метавонад? Чун дар як латифаи замони шӯравӣ, ки намояндагони миллати тотор талаб кардаанд, ки ба мақоли қадимии русии «Меҳмона нохонда бадтар аз тотор» раддия дода шавад? Он замон газета узр пеш оварда, чунин радия навиштааст: «Меҳмони нохонда БЕҲТАР аз тотор». Мо ҳам раддия бинавиесм, ки «шаҳрвандон А.Раҷабов, Ҳ.Раҳматов ва Д.Абдиева н… нестанд?». Охир мо онҳоро ба ин гунаҳкор накардаем ва ҳатто намефаҳмем, ки чаро онҳо якбора ин гуфтаҳоро ба худашон мансуб донистаанд.

Пардохти ҷарима барои зиёни маънавӣ? Ин ҳам марговар нест. Аллакай дирӯз ба идораи мо аз хонандагон, ки шумори танҳо корбарони сомонаамон беш аз 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, номаҳои сершумор ва зангҳои телефонӣ ворид гардида, дар онҳо ҷамъоварии дастаҷамъонаи 1-2 сомонигӣ ва пардохти маблаги зарурии ҷарима пешниҳод мешавад. Агар мо ин пешниҳоди олиҳимматонаи дӯстон-хонандагонамонро қабул созем, муддати 1-2 рӯз 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда метавонем ва ҳамзамон робита бо хонандагонамонро устувортар мекунем.

Бори дигар такрор мекунам: мо на он қадр аз қарори суд мутаассиру дар ташвишем. Касоне, ки газетаро «танбеҳ доданианд», аслан муқобили кишвар, алайҳи тамоми ҷамъият кор мекунанд. То имрӯз озодии нисбии ВАО-и тоҷик қариб ягона дастоварди Тоҷикистони мустақил шуморида мешавад. Пас аз ин гуна «қарорҳои судӣ» хатари аз даст додани он ҳам рӯйи кор меояд.

Ва аз ҳама ғамангезаш он аст, ки дар ин бозӣ кадом як «стратеги бузург» ба сифати лӯхтак зиёиёнро истифода мекунад. Ҳамонеро, ки бояд худаш ҷомеаро ба пеш роҳнамоӣ созад, вале ин амалро ба иҷро намерасонад. Ишораи журналист ҳам маҳз ҳаминро дар назар дошт. Мутаассифона, ба он гӯш надоданд.

spot_imgspot_img

Популярное