Оилаи маҳбус аз раиси ҲСДТ 10 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ талаб дорад

Оилаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи марги узви оилаашон дар ҷаримагоҳи зиндон аз болои раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба суд даъво пеш оварда, ба сифати ҷубронпулӣ 10 ҳазор сомонӣ маблағ талаб доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз хешони маҳбус хабар дод, аз номи бародари маҳбус – Сафаралӣ Саидов ба […]

ASIA-Plus



Оилаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи марги узви оилаашон дар ҷаримагоҳи зиндон аз болои раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба суд даъво пеш оварда, ба сифати ҷубронпулӣ 10 ҳазор сомонӣ маблағ талаб доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз хешони маҳбус хабар дод, аз номи бародари маҳбус – Сафаралӣ Саидов ба суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аризаи даъвогӣ пешниҳод шудааст. «Нисбати Раҳматилло Зойиров мо ба суд шикоят бурдем, зеро ӯ ба ВАО дар бораи марги Маҳмадраҳим Саидов дар ҷаримагоҳи зиндон маълумоти бардурӯғ дода, мо сахт ба таҳлукаву ташвиш афтодем ва дар он рӯзҳои сардии шадид барои огоҳӣ ёфтан аз ҳодиса маҷбур шудем, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба Душанбе оем», – гуфт хеши маҳбус.

Ба қавли номбурда, аз манфиатҳои оилаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов адвокат Мавлудҷон Солеҳов ҳимоят хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зойиров алҳол аз ҳодисаи пешниҳод шудани аризаи даъвогӣ нисбаташ хабар надорад. «Ман огаҳӣ доштам, ки хешовандони маҳбус аз болои ман ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурданӣ будаанд, вале аз ба суд муроҷиат карданашон хабар надорам ва алҳол аз суд ҳам дар ин хусус даъватномаи дахлдор нагирифтаам. Пас аз гирифтани даъватнома ман дар ин хусус андешаи худро баён мекунам», – гуфт Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6-уми феврал Раҳматилло Зойиров бо такя ба як сарчашмаи муътамади худ – бевосита корманди муассисаи ислоҳӣ, ки дар он Маҳмадраҳим Саидов адои ҷазо мекард,

иттилоъ дода буд

, ки бар асари сардӣ дар ҳуҷраи ҷаримавии муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 як маҳбус ба ҳалокат расидааст.

Дар суҳбат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Раҳматилло Зойиров дар ин робита изҳор дошта буд, ки бино ба маълумоти ба ӯ расида, номи маҳбуси ҳалокшуда Маҳмадраҳим Саидов буда, соли 1968 таваллуд шудааст ва  зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ аст.

Аммо дарҳол пас аз интишори ин маълумот корманди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев аз тавқифгоҳи мувақкатии №9/1 ва муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и пойтахт боздид намуда, шахсан

эътимод ҳосил кард

, ки дар он ҷо ҳеҷ касе аз сардӣ ҳалок нашудааст.

Сипас баъдан бародар ва духтари маҳбус Сафаралӣ Саидов ва Нилуфар Саидова

изҳор намуда буданд

, ки бо Маҳмадраҳим Саидов дидору мулоқот намуда, саломатии Маҳмадраҳим Саидов хуб ва дар ӯ осоре аз шиканҷа дида намешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.