Ба донишҷӯёни ДМИТ стипендияи президентиро пардохт намекунанд

Донишҷӯёни аълохону пешқадами Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ), ки ба гирифтани стипендияи президентӣ сазовор дониста шудаанд, аз пардохт нашудани ин стипендия муддати 2 сол, яъне аз соли 2012 шикоят доранд. Яке аз донишҷӯён дар ин робита изҳор намуд, ки бо хоҳиши раҳбарияти донишкада онҳо ду маротиба бо ин мақсад ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ намуда, барои гузаронидани […]



Донишҷӯёни аълохону пешқадами Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ), ки ба гирифтани стипендияи президентӣ сазовор дониста шудаанд, аз пардохт нашудани ин стипендия муддати 2 сол, яъне аз соли 2012 шикоят доранд.

Яке аз донишҷӯён дар ин робита изҳор намуд, ки бо хоҳиши раҳбарияти донишкада онҳо ду маротиба бо ин мақсад ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ намуда, барои гузаронидани маблағ онҳо бояд ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон фиристода мешуданд.

«Моҳи сентябри соли гузашта мо бо ин масъала ба муовини ректори донишкада муроҷиат кардем. Ӯ посух дод, ки фармон дар ин бора содир шуда, вале маблағ алҳол гузаронида нашудааст ва дархост намуд, ки боз каме мунтазир шавем», – гуфт донишҷӯ.

Сардори Раёсати маълумоти олӣ ва баъдидипломии назди Вазорати маориф ва илми ҶТ Алидод Расулов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки стипендияи президентӣ бояд аз буҷети донишкада пардохта шавад ва Вазорат ба ин масъала ҳеҷ дахле надорад. «Маъмурияти донишкада ба масъалаи на аз ҷониби Вазорат, балки аз воситаҳои худи муассисаи таълимӣ пардохт шудани стипендияро дуруст сарфаҳм нарафтааст», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки ин масъала аллакай ҳаллу фасл шуда, рӯзҳои наздик донишҷӯён шурӯъ аз моҳи сентябри соли гузашта ва барои давраи хониши соли равон низ стипендияҳои худро дастас хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми стипендияи президентӣ 660 сомониро ташкил дода, аз Донишкадаи мазкур се нафар донишҷӯён – Садриддин Шарифов (факултаи иқтисоди байнулмилалӣ), Нилуфар Ақдодова (технологияи иттилоотӣ дар иқтисод) ва Ризоӣ Ҷамила (факултаи молияву қарз) ба гирифтани ин стипендия сазовор дониста шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.