Дар бозори воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон боз Русия пешсаф шуд.
Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳиссаи Русия дар интиқоли маводи сӯзишворӣ дар моҳи январи соли равон 83,7%-ро ташкил дода, дар ин давра ба Тоҷикистон аз ин кишвар бо нархи миёнаи 790 $ барои 1 тонна 55 ҳазору 653 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба моҳи январи соли 2013 ба миқдори 40 ҳазору 26 тонна бештар ва 484 $ арзонтар аст.
Ба иттилои манбаъ, моҳи январи соли равон дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон 66 ҳазору 509 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта 20,6 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Нархи миёнаи маҳсулоти нафтӣ дар моҳи январ 853 $ барои 1 тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нархи моҳи январи соли гузашта 327 $ камтар аст.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, ҳиссаи Қирғизистон дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2014 ҳамагӣ 0,7%-ро ташкил додааст. Дар ин давра ба Тоҷикистон аз ин кишвар бо нархи миёнаи 890 $ барои 1 тонна ҳамагӣ 435 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Ёдрас мекунем, ки ахири соли 2013 дар бозори воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Қирғизистон пешсаф шуда, ҳаҷми воридот аз ин кишвар аз 50% бештар шуда буд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, моҳи январ ба ҷумҳурӣ аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ ворид нагардида, аз Қазоқистон – 3 ҳазору 349 тонна ва Озарбойҷон – 6 ҳазору 248 тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст.



