Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи марги маҳбуси зиндони №1-и шаҳри Душанбе Зафар Хислатов парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Намояндаи дастгоҳи Омбудсмени Тоҷикистон Раҷабмо Бадриддинова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 3-юми март Зафар Хислатов худро ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст.
«Мо бо сардори зиндони мазкур суҳбат кардем ва ӯ далели марги Хислатовро тасдиқ кард, вале алҳол сабаби даст ба худкушӣ задани маҳбус маълум нест. Аз рӯйи ин далел Прокуратураи генералӣ парванда оғоз намуда, тафтишот сабабҳои ба ин амал даст заданӣ ӯро таҳқиқ хоҳад кард», – иброз дошт ӯ.
Дар дастгоҳи Омудсмен ҳамчунин зикр карданд, ки алҳол фарзияи дар натиҷаи шиканҷа ё ягон фишор даст ба худкушӣ задани Хислатов баррасӣ намешавад, зеро аз ҷониби хешовандону наздикон ва ё шиносҳову шоҳидон дар ин бора ариза пешниҳод нашудааст.



