АНМН: Қатъи фаъолияти нуқтаи фурӯши маводи мухаддир дар пойтахт

Шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт нуқтаи фурӯши маводи нашъаоварро барҳам доданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Агентӣ ду сокини пойтахт – А.А.-и 40-сола ва Н.С.-и 35-соларо боздошт намуданд, ки бо паҳн намудани маводи нашъаовар […]

ASIA-Plus



Шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт нуқтаи фурӯши маводи нашъаоварро барҳам доданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Агентӣ ду сокини пойтахт – А.А.-и 40-сола ва Н.С.-и 35-соларо боздошт намуданд, ки бо паҳн намудани маводи нашъаовар машғул буданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо афюн ба миқдори калон мусодира карда шудааст. Тавре тафтиши пешакӣ нишон дод, боздоштшудагон инчунин ба истеъмоли афюн одат кардаанд. Яке аз онҳо, Н.С. дар қайди диспансери наркологӣ қарор доштааст.

Гуфта мешавад, аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ҳар ду боздоштгардида ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.