Мақоми ахири Тоҷикистон дар ОМ аз нигоҳи сатҳи соҳибкорӣ ва имконот

Дар гузориши ҳамасолаи Legatum Prosperity Index, ки аз ҷониби маркази таҳлилии бритониёии Legatum Institute омода мешавад, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2013 Тоҷикистон аз нигоҳи сатҳи соҳибкорӣ ва имконот мақоми охиринро ишғол кардааст. Бино ба маълумоти гузориш, дар ин гузориш Қазоқистон зинаи 55-ум (болотарин миёни кишварҳои минтақа), Қирғизистон мақоми 84-ум, Ӯзбекистон ҷойи 92-юм ва Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Дар гузориши ҳамасолаи Legatum Prosperity Index, ки аз ҷониби маркази таҳлилии бритониёии Legatum Institute омода мешавад, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2013 Тоҷикистон аз нигоҳи сатҳи соҳибкорӣ ва имконот мақоми охиринро ишғол кардааст.

Бино ба маълумоти гузориш, дар ин гузориш Қазоқистон зинаи 55-ум (болотарин миёни кишварҳои минтақа), Қирғизистон мақоми 84-ум, Ӯзбекистон ҷойи 92-юм ва Тоҷикистон зинаи 108-умро касб кардааст. Дар бораи мақоми Туркманистон маълумот дода намешавад.

Миёни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Эстония дар зинаи – 28, Латвия – 37, Литва – 40, Русия – 47, Украина – 61, Белорус – 67 ва Молдова дар мақоми 71-ум қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки барои муайян кардани сатҳи соҳибкорӣ ва имконот дар кишварҳо ҳашт нишондиҳандаи некӯаҳволии ҷомеа – иқтисод, соҳибкорӣ, идоракунӣ, маориф, тандурустӣ, амният, озодиҳои шахсӣ ва сармояи иҷтимоӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.