Ҳуқуқшинос: Баъзе нерӯҳо иштироки Раҳмон дар интихоботи ояндаро қонунӣ карданианд

Ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки чанде аз гурӯҳҳо ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи президентии оянда кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар робита ба шарҳи изҳороти вакили парлумон Суҳроб Шарипов бобати ивази низоми идоракунӣ дар кишвар Ҳакимов зикр кард, ки «бешубҳа, Конститутсияи Тоҷикистон ба тағйирот […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки чанде аз гурӯҳҳо ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи президентии оянда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар робита ба шарҳи изҳороти вакили парлумон Суҳроб Шарипов бобати ивази низоми идоракунӣ дар кишвар Ҳакимов зикр кард, ки «бешубҳа, Конститутсияи Тоҷикистон ба тағйирот ниёз дорад».

«Аммо ман аз он дар ташвишам, ки таҳти ҳар гуна иқдомоти нек гурӯҳҳои муайян бо назардошти манфиатҳои худ ва нодида гирифтани меъёрҳои конститутсия, ҳатман барои Эмомалӣ Раҳмон асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ фароҳам меоранд, то ки ӯ бори навбатӣ ба сифати номзад ба мансаби президентӣ ширкат варзад», – иброз дошт ӯ.

Ҳуқуқшинос чунин мешуморад, ки алҳол «ҳама гуна андешаҳо»-и марбут ба такмили конститутсияро ба муҳлатҳои дертар гузоштан мувофиқи мақсад аст.

«Умедворам, ки интихоботи ояндаи парлумонӣ ва президентӣ мутобиқи уҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон сурат гирифта, бо назардошти вазъи воқеъии аҳзоби сиёсӣ масоили раъйпурсии навбатӣ таҳия мегарданд», – афзуд номбурда.

Вакили палатаи поёнии парлумон Суҳроб Шарипов

бар ин назар аст

, ки Тоҷикистон бояд дар бахши идоракунӣ ислоҳот ҷорӣ созад, ки дар натиҷа дар кишвар бояд танҳо марказ ва ноҳияҳо боқӣ монанд.

«Албатта, мақом ва нақши ноҳияҳо баланд бардошта мешавад. Тамоми ин низом аз замони шӯравӣ ба мо мерос монда, ҳадаф аз он ҷудо кардани як минтақа аз минтақаи дигар аст. Ба фикрам, дар Тоҷикистон мебояд раъйпурсӣ гузаронида, низоми идоракуниро иваз кард», – гуфт Шарипов ба журналистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.