Тоҷикони Ню-Йорк Наврӯзро ҷашн мегиранд

ASIA-Plus



Тоҷикони шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иди Наврӯзро дар Бруклин ҷашн мегиранд.

Дар саҳифаи дар шабакаи иҷтимоии Facebook ташкилшуда дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки рӯзи 29-уми март дар чорабинии идона дар Rahat Palase бо иштироки мусиқачӣ ва оҳангсоз Алберт Горкаллаев ва овозхони эстрадӣ Ҷонибек Муродов ин ҷашни миллӣ таҷлил хоҳад шуд. Дар чорабинии идона Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Калонтарова низ ширкат хоҳад варзид.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ню-Йорк як чорабинии маъмулӣ маҳсуб меёбад. Соли гузашта ҷамъияти тоҷикони Ню-Йорк иди Наврӯзро дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр ҷашн гирифта буданд. Чорабинӣ аз ҷониби диаспораи тоҷикон дар ИМА – Tajik Community In USA, INC созмон дода шуда буд, ки муассисаш шаҳрванди Тоҷикистон Аскаралӣ Саидов мебошад.

Меҳмонон аз ҳунарнамоии Махфират Ҳамроқулова, Хуршед Алидодов ва гуруҳи «Рӯи замин» баҳра бурда буданд. Кибриё Маҳмудова, Дилноза Латифова ва Шаҳноза Тӯйчиева таҳти раҳбарии Малика Гадоева, ки дар ҳайати асосии театр-студияи «Падида» ҳунарнамоӣ мекард, рақси миллии тоҷикиро ба иҷро расонида буданд. Иштирокчиёни ҳунарманди чорабинӣ бо тамоми маҳорат меҳмононро ба рақсҳои зебову дилнишини Бадахшону Хатлон ва Суғд шинос намуданд.

Дар барномаи идона ҳамчунин бозии маъмулии миллӣ «Бандкашӣ» баргузор шуда, меҳмонон бо фарҳанги таҷлили ҷашни «Наврӯз» бо иштироки «Бобои деҳқон» ва «Маликаи Наврӯз» аз наздик ошно гардиданд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...