Махфират Хидирова бо шароити занони маҳбус шинос шуд

ASIA-Plus



Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфитрат Хидирова, дар арафаи «Рӯзи модарон” аз Муассисаи ислоҳии занонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Норак боздид карда, занону духтарони дар муассисаи мазкур қарордоштаро бо фарорасии ҷашни модарон табрик намуд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар доданд,р аиси Кумита Махфират Хидирова бо шароити будубоши занону духтарон шинос шуда, ба фарзандони хурдсоли онҳо тӯҳфаҳо дод.

«Ба худи занҳо дастгоҳҳои дӯзандагӣ ҳадя кард. Инчунин дар рафти чорабинии мазкур намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон дар Тоҷикистон, Лигаи занони ҳукукшинос ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ширкат доштанд. Вохӯри бо занону духтарони маҳбус 6 март анҷом ёфт», – таъкид дошт сарчашма.

Дар Кумита қайд карданд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пешгирии содиршавии ҷиноятҳои такрорӣ ва мусоидат барои бозгашт ба ҳаёти муътадили занони маҳбус мебошад.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...