Боздошти яке аз адвокатҳои Зайд Саидов дар пойтахт

Фахриддин Зокиров, яке адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ шоми гузашта дар шаҳри Душанбе боздошт намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамкори боздоштшуда Шуҳрат Қудратов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Ф.Зокиров айни замон дар бинои Агентии зиддифасод қарор дошта, ӯ ба даст доштан дар ҷинояти […]

ASIA-Plus



Фахриддин Зокиров, яке адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ шоми гузашта дар шаҳри Душанбе боздошт намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамкори боздоштшуда Шуҳрат Қудратов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Ф.Зокиров айни замон дар бинои Агентии зиддифасод қарор дошта, ӯ ба даст доштан дар ҷинояти пешбинишуда тибқи моддаи 247 (Қаллобӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.

«Мо мутмаинем, ки сабаби аслии боздошти Зокиров ба мавқеи фаъоли ӯ дар ҳимояи Зайд Сайидов рабт дорад», – иброз дошт адвокат.

Қудратов ҳамчунин зикр кард, ки Агентии зиддифасод имрӯз иҷозати суд барои ҳабси Зокировро дастрас карданист.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.