Боздошти яке аз Чоловҳо барои даъват ба ҷиҳод дар Сурия

Давлат Чолов, яке аз бародарони фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Қурбон Чолов ҳангоми даъвати ҷавонони Кӯлоб ба ошӯб алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия ва ба вуҷуд овардани рӯҳияи ифротгароӣ дар ҷомеа боздошт шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, нисбати Д.Чолов, ки ҳанӯз ахири […]

Аваз Юлдошев



Давлат Чолов, яке аз бародарони фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Қурбон Чолов ҳангоми даъвати ҷавонони Кӯлоб ба ошӯб алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия ва ба вуҷуд овардани рӯҳияи ифротгароӣ дар ҷомеа боздошт шуд.


Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, нисбати Д.Чолов, ки ҳанӯз ахири моҳи феврал дастгир шуда буд, барои иштирок дар ошӯби Сурия парованда боз шудааст.

«Давлат Чолов ба иштирок дар ошӯбҳои Сурия тайи чанд моҳи ахир ва таблиғи ҷавонон ба раҳсипор шудан ба ҷиҳод ҳамроҳи ӯ ба Сурия пас аз бозгашт ба Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад», – иброз дошт манбаъ.

Аз соли 2001 Давлат Чолов барои содир намудани як қатор ҷиноятҳо таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта, моҳи октябри соли 2003 зимни як амалиёти сохтори қудратӣ дар Кӯлоб боздошт шуда буд.

Баъди ба озодӣ баромадан Давлат Чолов дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ маркази хизматгузории «Доро»-ро ифтитоҳ намуд. Хешовандони Давлат Чолов изҳор мекунанд, ки ӯ барои харидории таҷҳизоти зарурӣ ба ин марказ ба Туркия сафар мекардааст.

Давлат Чолов бародари чоруми фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар минтақаи Кӯлоб Қурбон Чолов мебошад. Ду бародари дигари ӯ – Фирдавс ва Сулаймон ба 6 ва 8 соли зиндон маҳкум шудаанд. Боз яке аз бародарони дигари ӯ – Ҷавҳаршо Чолов муддати се моҳ аст, ки дар тавқифгоҳи муваққатии Кӯлоб нигаҳдорӣ шуда, рӯзҳои наздик суд парвандаи ӯро баррасӣ мекунад.

Андешае роиҷ аст, ки оилаи Чоловҳо дар ба сари ҳокимият омадани мақомоти раҳбарии кунунии кишвар мусоидат карда, аз ин рӯ, дар солҳои 90-ум дар сохторҳои қудратӣ ва низоми амнияти ҷумҳурӣ мансабҳои баландро соҳиб буданд. Вале шурӯъ аз солҳои 2000-ум дар кишвар маъракаи аз ҳукумат барканор кардани «ҷангиён» оғоз гардид. Чоловҳо ҳам хизмати ҳарбиро тарк намуда, ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Кӯлоб машғул буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.