«Фонди дастгирии соҳибкорӣ» маблағгузории 4 лоиҳаро маъқул донист

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва бахши хусусии Ассотсиатсияи […]

ASIA-Plus



Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва бахши хусусии Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти имкониятҳои молиявии МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва ба талаботи қарзгирӣ ҷавобгӯ будани лоиҳаҳо ба баррасии ҷаласаи Шӯро 9 лоиҳаи аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятнок, ки аз ҷониби мутахассисони МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва БДА «Амонатбонк» баҳогузорӣ гардидаанд, пешниҳод шуд.

Дар ҷаласа оид ба маблағгузории чор лоиҳа аз ҳисоби воситаҳои «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» қарор қабул шуда, аъзои Шӯро дар бораи ҷудо кардани воситаҳои қарзӣ дар ҳаҷми беш аз 2,2 млн. сомонӣ (460 ҳазор $) ба чор лоиҳа протокол ба имзо расониданд.

Шӯрои нозирон маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои ҶДММ «Сорбон», ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, соҳибкори инфиродӣ Мӯсоев Ҳ. аз ноҳияи Восеъ, ҶДММ «Сафари Мурод», ноҳияи Қубодиён ва ҶДММ «Зиёратшо» ноҳияи Ванҷро маъқул донистанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, соли гузашта баҳри дастгирии соҳибкорӣ аз ҳисоби воситаҳои «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» 22 млн сомонӣ ва соли равон 30 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.