Мусодираи ҳудуди 3 кило маводи мухаддир дар Суғд

Чанде қабл кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ тақрибан се килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Қайроққум халтаи полиэтиленӣ мусодира карда шудааст, ки дар дохили он се адад бастаҳои печонида шуда бо маводи […]

ASIA-Plus



Чанде қабл кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ тақрибан се килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Қайроққум халтаи полиэтиленӣ мусодира карда шудааст, ки дар дохили он се адад бастаҳои печонида шуда бо маводи рангаш сабз мавҷуд буд.

«Дар рафти санҷиши пешакӣ кормандони оперативӣ муайян намуданд, ки маводи нашъаовари ҳашиш ба шаҳрванд П.Н. – сокини шаҳри Қайроққум тааллуқ дошта, вазни он се килограммро ташкил менамояд», – гуфта мешавад дар хабари Агентӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.