Ба идораи «Азия-Плюс» аз шаҳрванди Русия, сармоягузор Самартсев Андрей Анатолевич нома расид, ки дар он ӯ Фахриддин Зокиров, адвокати чанде қабл боздоштшудаи соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ва ду нафар шиносҳои ӯ – Абдулфайз Иброҳимов ва Бахтиёр Давлатовро ба қаллобӣ ва қарздорӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд муттаҳам мекунад.
Дар суҳбати телефонӣ бо ОИ «Азия-Плюс» Андрей Самартсев изҳор кард, аз соли 1999 ба сармоягузорӣ дар соҳаи пахаткорӣ машғул буда, бо Фахриддин Зокиров аз соли 2007 шинос аст.
Ба гуфтаи Самартсев, ӯ яке аз сармоягузорони бузурги Русия дар соҳаи пахтакории Тоҷикистон буда, тайи ду-соли ахир ҳамасола ба бахши пахтакории Тоҷикистон аз 25 то 35 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ мекунад ва дар Тоҷикистон шахсоне, ки беш аз 1 ҳазор тонна пахта доранд, ӯро мешиносанд.
«Соли 2005 аз ҷониби Иброҳимов Абдулфайз ва эрониён дар ноҳияи Ёвон корхонаи пахтатозакунии «Порсиён-Сӯфиён таъсис дода шуд, ки 20%-и саҳмияҳои корхона ба Иброҳимов тааллуқ доштанд. Таҷҳизот барои корхона аз Эрон оварда шуд. Он замон, соли 2005 ман ҳамроҳ бо эрониён ва тоҷикон корҳои насби таҷҳизоти ин корхонаро анҷом додам. Ахири соли 2005 Иброҳимов ба уҳдадориҳои гирифтааш тибқи қарордод бо ман хотима бахшид. Якчанд қарордод вуҷуд дошт, зеро сарчашмаҳои маблағгузорӣ гуногун буданд. Ахири ҳамин сол ман як пардохт анҷом дода, қарзи ӯро дар яке аз бонкҳо баргардонидам. Соли 2006 ман бо ӯ дар ин мавзуъ бисёр суҳбат кардам. Он замон қарзи ӯ ба 680 ҳазор доллари ИМА расида буд. Соли 2007 ман ба ӯ тартиби ҳисоббаробариро пешниҳод кардам, вале аз ҷониби ӯ ҳеҷ амале сурат нагирифта, танҳо комилан фиреб буду халос», – ҳикоят кард Андрей Самартсев.
Ба қавли сармоягузори русиягӣ, соли 2007 Фахриддин Зокиров пайдо шуда, минбаъд дар мурофиаҳои судӣ ба сифати адвокати Иброҳимов амал мекунад.
«Соли 2007 ҳангоми ба Суди ҳакамии шаҳри Маскав, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва Суди олии иқтисодӣ аз ҷониби ман пешниҳод шудани аризаи даъвогӣ, Зокиров ҳамчун ҳуқуқшиноси Иброҳимов роҳандозии ҳамаи корҳоро ба зиммаи худ гирифт. Дар ниҳояти кор Суди ҳакамии шаҳри Маскав ҳалнома содир намуд, ки мутобиқи он ҷониби Тоҷикистон бояд ба ман ҳудуди 270 ҳазор доллари ИМА маблағ пардохт мекард. Зокиров аз болои қарори Суди ҳакамии шахри Маскав шикояти кассатсионӣ бурда, баъдан он рад карда шуд», – мегӯяд Самартсев.
Ба қавли ӯ, аммо соли 2009 дар Тоҷикистон, дар Суди олии иқтисодӣ ҷараёни тафтиши парванда мутаваққиф шудааст, ки сабабашро Самартсев ошкор кардани баъзе ҳолатҳои барои ӯ номаълум унвон кард. «Ба шумо шарҳ доданӣ нестам, ки чаро ин тавр шуд, вале порадиҳӣ сурат гирифт. Ман чандин маротиба ба Агентии зиддифасод, роҳбари онвақтааш Шерхон Салимзода, Дастгоҳи президент, сафири онвақтаи Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов муроҷиат намудам», – изҳор кард сармоягузори русиягӣ.
Самартсев зикр кард, ки рӯйи ин кор ӯ муддати зиёде мубориза бурдааст, чунки Зокиров доимо ҳуҷҷат таҳия намуда, мудом ба даъвоҳо эътироз меовардаанд. «Ман ҳамаи зинаҳои баррасии судиро паси сар кардам. Ниҳоят соли 2010 ман ба Суди иқтисодии Хатлон аризаи даъвогӣ пешниҳод намудам, зеро дар вилояти Хатлон амволи ба Иброҳимов тааллуқдошта мавҷуд буд. Фахриддин Зокиров ҳама маводи марбут ба судро омода мекард. Иҷрочиёни суди вилояти Хатлон комиссия таъсис дода, ошкор карданд, ки дар корхонаи муштараки «Порсиён-Сӯфиён» ҳамон 20%-и амволи Иброҳимов мавҷуданд. Пас аз чандин кӯшиши фурӯши амвол тариқи музоядаҳо суд қарор қабул кард, ки ин қисмати амвол ба моликияти ман дода шавад», – шарҳ дод Самартсев.
Номбурда изҳор кард, ки тавре баъдан маълум мешавад, соли 2009 Иброҳимов, Зокиров ва Давлатов корхонаи «Паймон-Сипар»-ро таъсис додаанд, ки он дар маҳалли зисти Фахриддин Зокиров ба қайд гирифта шудааст.
«Ҳуҷҷатҳо сохтакорӣ шуда, мутобиқи он ҳамон 20%-и амволи бо қарори суд дар соли 2010 ба ҳуқуқи моликият соҳибшудаи ман, гӯё соли 2009 ба корхонаи «Паймон-Сипар» фурӯхта шуда будаанд. Албатта, суд баъдан муайян кард, ки ҳеҷ гуна додугирифти амвол сурат нагирифтааст. Ниҳоят вақте ман ҳуқуқи моликиятро соҳиб шудам, ин афрод дар заминаи корхонаи «Порсиён-Сӯфиён» корхонаи нав бо номи «Ёвон коттон» – корхонаи пахтатозакунии №288-ро таъсис доданд. Барои таъсиси ин корхона онҳо аз «Тоҷиксодиротбонк» дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА қарз гирифтаанд. Дар бораи ба онҳо тааллуқ надоштани корхона бонк замоне огоҳ гардид, ки ман ба онҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намудам. Ниҳоят аз маблаги гирифтаашон онҳо имрӯз назди бонк ҳудуди 580 ҳазор доллари ИМА қарздоранд. Ҳамчунин онҳо ҳамеша аз деҳқонон низ қарздор буданд», – иброз дошт Самартсев.
Сармоягузори русиягӣ қайд кард, ки аввали соли равон ӯ ба Тоҷикистон омада, он замон «Тоҷиксодиротбонк» ба Агентии зиддифасод нисбати Иброҳимов, Зокиров ва Давлатов ариза дода, ӯ ҳам ариза пешниҳод кардааст ва то ҷое, ки ӯ огаҳӣ дорад, шаҳрванди эронии фиребхӯрда аз онҳо ҳам ариза дода будааст. «Боздошти онҳо аз ҷониби Агентии зиддифасод ба ҳеҷ ваҷҳ ба фаъолияти ҳомии ҳуқуқ будани ӯ вобаста нест», – гуфт Самартсев.
Ба гуфтаи Самартсев, Иброҳимов ва Зокиров бо ҳар васила мехостанд, ки ӯро назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бадном созанд.
«Соли 2007 онҳо аз болои ман ба ВКД ариза навиштанд, ки гӯё ман дар таркиш дар чорроҳаи Рӯдакӣ ва меҳмонхонаи «Тоҷикистон» даст дорам. Маро дар мақомоти гуногун бозпурсӣ карданд. Албатта, дар ВКД ба асли воқеа сарфаҳм рафта, бегуноҳии ман исбот шуд. Баъдтар ҳамин афрод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз як ариза пешниҳод намуданд, ки ман гумошта (агент)-и Ӯзбекистон буда, ба ВМКБ аслиҳа интиқол медодаам. Ин ҳамон вақте буд, ки дар Хоруғ сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ кушта шуд. Ман боз мавриди бозпурсӣ қарор гирифтам, вале дар ниҳояти кор сохторҳои қудратӣ ба ҳамааш баҳои воқеъӣ доданд», – афзуд сармоягузори русиягӣ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 7-уми марти соли равон Фахриддин Зокиров, яке адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе
боздошт намуданд.
Фахриддин Зокиров ба гирифтани қарзи бонкӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ
гумонбар дониста мешавад.



