Тоҷики як сол дар СИЗО-и Маскав қарордошта комилан бегуноҳ эътироф шуд

Шаҳрванди Тоҷикистон Адим Шаҳбозбеков, ки муддати як сол ба гумони даст доштан дар дуздии iPhone дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Маскав қарор дошт, комилан бегуноҳ эътироф шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони Шаҳбозбеков хабар доданд, чанд рӯз қабл суд дар бораи бегуноҳии ӯ ҳалнома содир намуда, пурра бегуноҳии ӯро эътироф кард. Ёдрас мекунем, […]

ASIA-Plus



Шаҳрванди Тоҷикистон Адим Шаҳбозбеков, ки муддати як сол ба гумони даст доштан дар дуздии iPhone дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Маскав қарор дошт, комилан бегуноҳ эътироф шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони Шаҳбозбеков хабар доданд, чанд рӯз қабл суд дар бораи бегуноҳии ӯ ҳалнома содир намуда, пурра бегуноҳии ӯро эътироф кард.

Ёдрас мекунем, ки А. Шаҳбозбеков ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 162, қ. 2-и КҶ Русия гумонбар дониста шуда,

санаи 13-уми феврали соли ҷорӣ

пас аз як соли дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор доштан таҳти баёноти тарк накардани маҳалли иқомат озод карда шуд.

Акнун наздиконаш умедворанд, ки Адим таҳсилашро дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, ки то ҳабс онҷо таҳсил дошт, идома медиҳад.

Айни замон ҷониби ҳимоя оид ба нигаҳдории ғайриқонунии Адим Шаҳбозбеков таҳти ҳабс муддати як сол бидуни асос аризаи даъвогии муқобили даъво омода мекунад.

Ахири соли 2012 Адим аз рӯи эълони дар шабакаи Интернет нашршуда iPhone-и нав харида, вале рӯзи 13-уми феврал бинобар сабаби муроҷиати дуздида шудани ин телефон ӯро

боздошт мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.