Дархости ба ВКД супурдани парвандаи адвокат Фахриддин Зокиров

Бузургмеҳр Ёров, адвокати Фахриддин Зокирови ҳабсшуда ба гумони қаллобӣ имрӯз бо дархости ба ихтиёри мақомоти тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ супурдани парвандаи зерҳимояи худ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» худи адвокат Бузургмеҳр Ёров хабар дод. Дархости худро ӯ чунин шарҳ медиҳад, ки зерҳимояи ӯ Ф.Зокиров корманди муассисаи давлатӣ нест ва […]

Аваз Юлдошев



Бузургмеҳр Ёров, адвокати Фахриддин Зокирови ҳабсшуда ба гумони қаллобӣ имрӯз бо дархости ба ихтиёри мақомоти тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ супурдани парвандаи зерҳимояи худ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» худи адвокат Бузургмеҳр Ёров хабар дод.

Дархости худро ӯ чунин шарҳ медиҳад, ки зерҳимояи ӯ Ф.Зокиров корманди муассисаи давлатӣ нест ва бо ин сабаб Агентии зиддифасод ба тафтиши парвандаи ҷиноии нисбати ӯ оғозшуда ҳуқуқ надорад.

«Ғайр аз ин, зерҳимояи ман ҳеҷ гоҳ аз пардохти қарзи аз бонк гирифтааш рӯ натофтааст ва то имрӯз беш аз нисфи онро баргардонидааст. Мутаносибан ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ба қаллобӣ муттаҳам кард», – зикр кард Ёров.

Дар ҳамин ҳол, ба идораи «Азия-Плюс» аз шаҳрванди Русия, сармоягузор Самартсев Андрей Анатолевич нома расид, ки дар он ӯ Фахриддин Зокиров, адвокати чанде қабл боздоштшудаи соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ва ду нафар шиносҳои ӯ – Абдулфайз Иброҳимов ва Бахтиёр Давлатовро ба қаллобӣ ва қарздорӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд

муттаҳам мекунад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 7-уми марти соли равон Фахриддин Зокиров, яке адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе

боздошт намуданд.

Фахриддин Зокиров ба гирифтани қарзи бонкӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ

гумонбар дониста мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.