Нархи амволи ғайриманқул дар Душанбе қадре боло рафт

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 арзиши бозории як метри мураббаъ манзили зист дар шаҳри Душанбе аз 600 то 1700 доллари ИМА (соли 2012 – аз 540 то 1500 $)-ро ташкил дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» хабар доданд, ба нархи бозории манзили зист омилҳои зиёде, вале дар навбати аввал […]

Заррина Эргашева



Аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 арзиши бозории як метри мураббаъ манзили зист дар шаҳри Душанбе аз 600 то 1700 доллари ИМА (соли 2012 – аз 540 то 1500 $)-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» хабар доданд, ба нархи бозории манзили зист омилҳои зиёде, вале дар навбати аввал – талабот ва пешниҳод, сифат ва макони ҷойгиршавии он таъсиргузоранд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта нархи 1 метри мураббаъ манзили зист дар шаҳри Хуҷанд – аз 300 то 1000 $, Қурғонтеппа – аз 300 то 700 $, Кӯлоб – аз 200 то 400 $ ва дар Хоруғ аз 700 то 1200 $-ро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли 2014 дар Тоҷикистон 23,9 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128,7%-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон – 18 ҳазор, вилояти Суғд – 4 ҳазор, навоҳии тобеи марказ – 1,6 ҳазор ва шаҳри Душанбе – 0,3 ҳазор метрии мураббаъ манзили зист ба истифода дода шудааст. Оид ба ВМКБ маълумот дода нашуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.