Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз дар шаҳри Минск ба кор шурӯъ мекунад, маҷмӯи васеи масоли ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов намояндагӣ хоҳад кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа аз ҷумла лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи таъмини бехатарии нақлиёт ва Протоколи ворид намудани тағйироту илова ба Созишнома дар бораи қоидаҳои муайян кардани кишвари истеҳсолкунандаи молҳо баррасӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, ба иштирокчиёни ҷаласа оид ба ҷараёни амалисозии Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳо дар давраи то соли 2020, Нақшаи дурнамои корҳои муштараки Иттиҳод дар доираи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи боигариҳои зеризаминӣ, фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории Шӯрои байнидавлатии «Радионавигатсия» дар солҳои 2010-2013 ва ҳамчунин гузориши вазъи бозори хизматгузориҳои аудитӣ ва истифодаи меъёрҳои байнулмилалии аудит дар кишварҳои узви Иттиҳод маълумоту ҳисобот пешниҳод хоҳанд шуд.



