Раёсати Бозорасии давлатии автомобили ВКД ҶТ дар робита ба маълумоти ВАО оид ба роҳ додан ба хатогӣ дар шаходатномаҳои ронадагии биометрӣ дар сомонаи расмии вазорат шарҳу тавзеҳ интишор намуд.
Дар шарҳи масъалаи мазкур зикр мегардад, ки Мақолаҳои ВАО пас аз нишасти матбуотии дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 4 марти соли равон бахшида ба ҷорӣ намудани шаҳодатномаи ронандагӣ ва шаҳодатномаи техникии биометрӣ баргузоршуда, ба он далолат медиҳад, ки аксари рӯзноманигорони ба нишасти матбуотӣ ҳозиршуда ба пуррагӣ ба мавзӯи бамиёнгузошта, пеш аз ба дасти чоп додани мақолаашон ба пуррагӣ сарфаҳм нарафтаанд. Даъвои асосие, ки рӯзноманигорон нисбати шаҳодатномаи ронандагӣ баён намудаанд, ба навиштаҷоти иттилои дар варақаи шаҳодатномаи ронандагӣ дарҷгардида мебошад. Аз он ҷумла:
“Оё дар забони тоҷикӣ ҳарфи Ҷ-ро ихтисор намудаанд? Агар не барои чӣ ЧТ? Агар чунин бошад пас ба ҷои Ҷумҳурии “Чумхурии” навиштаанд”…
Ин дар ҳақиқат саҳви кормандон ҳангоми фардикунонӣ (персонализатсия) дар чоп мебошад. Дар як вақт барнома худаш хатогии ҳуруфчиниро ҳангоми ҳарфҳои як алифборо ба ҳарфҳои алифбои дигар баргардонидан ба вуҷуд оварда ҳарфи “Ч”-ро ба “СН” иваз намудааст. Шаҳодатномаи ронандагии бо чунин хатогиҳо тайёркардашуда иваз карда мешаванд.
“Оид ба англисӣ гуфтание нест. Агар дар бораи “Republic of Tajikistan”, ки ягона калимабандии бехато дар ин ҳуҷҷат мебошад. Дар дигараш англисӣ нест”.
Тарафи пеши ҳуҷҷат бо 4 забон: тоҷикӣ, англисӣ, руссӣ ва франсавӣ навишта шудааст. Дар паси ҳуҷҷат рамзкушоии сатрҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ оварда шудааст.
Боз дар бораи як хатогии дигаре, ки гуё ҷой дорад навишта шудааст, ин навиштани калимаи «Licence» (Шаҳодатнома). Як қатор ашхос бар он ақидаанд, ки тарзи дурусти навишти ин калима чунин аст «License». Агар ба луғати оксфордӣ нигарем маълум мешавад, ки дар ҳолати мазкур истифодаи калимаи «License» нодуруст мебуд.
Хатогиҳое, ки ба бандҳои 3, 4с ва 8 дахл доранд мутобиқи банди 6 замимаи 6 қисми 1 – “Конвенсия оид ба ҳаракат дар роҳ” ҳамаи навиштаҷоти дар шаҳодатнома ҷойдодашуда бояд бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ иҷро карда шаванд. Дар ҳолати истифодаи ҳарфҳои дигар алифбо ин навиштаҷот бояд бо ҳарфҳои лотинӣ танслитератсия карда шаванд (навиштани ҳарфҳои як алифбо бо ҳарфҳои алифбои дигар).
Барои мисол, дар шаҳодатномаи ронандагии Белорусия, Росия ва Украина ин талабот иҷро шудааст. “ГАИ УВД Миноблисполкома” ба забони англисӣ тарҷума нашудааст. Танҳо ҳарфи як алифбо ба ҳарфи алифбои дигар навишта шудааст. Яъне “GAI UVD MINOBLISPOLKOMA”.
Як маротибаи дигар бояд қайд намоем, ки шаҳодатномаҳои ронандагии қаблӣ, ки дар дасти шаҳрвандони ҷумҳурӣ мондааст, то ба итмом расидани мӯҳлати истифодаашон қобили амал мебошанд. Ҳамчунин шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки бори аввал ҳуқуқи ронандагӣ пайдо мекунанд ё мӯҳлати эътиборнокии шаҳодатномаи ронандагиашон ба итмом расидааст. Дар дигар ҳолатҳо ивази шаҳодатномаҳои ронандагӣ ихтиёрӣ сурат мегирад. Аз ҷумла, барои шахсоне, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ сафар доранд ва намехоҳанд бо полиси ин кишварҳо душворӣ эҷод гардад.



