Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» минтақаи парвозро густариш дода, ба самти Хуҷанд – Маскав хатсайри нави ҳавоӣ боз мекунад. Парвози нахуст тариқи ин хатсайр соати 22-00 вақти маҳаллӣ санаи 31-уми март сурат мегирад.
Тавре аз ширкати мазкур хабар доданд, парвозҳо дар як ҳафта се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа дар ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг-737 анҷом дода мешаванд.
Ғайр аз ин, аз 1-уми апрел ширкат шумори парвозҳо ба Истамбулро афзуда, дар як ҳафта ду маротиба ба ин самт парвозҳо сурат мегиранд. Қаблан ба ин самт танҳо як парвоз – рӯзи якшанбе анҷом дода мешуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Call-марказ хабар доданд, арзиши билет ба як самт беш аз 400 ва аз самти дигар ҳудуди 370 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Айни замон ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Олмон (Франкфурти Майн), Аморати Муттаҳидаи Араб (Дубай), Туркия (Истамбул), Чин (Урумчӣ) ва шаҳрҳои Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск, Краснодар, Екатеринбург, Қазон ва Қазоқистон (Алмаато) парвозҳо анҷом медиҳад.
Аз Хуҷанд парвозҳо ба Санкт-Петербург, Красноярск, Ханти-Мансмйск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск, Оренбург, Тюмен, Қазон, Сочи, Нижневартовск ва акнун ба Маскав ҳам амалӣ мегарданд. Ба наздикӣ ширкат ният дорад, ки хатсайри нав аз Хуҷанд ба Урумчиро боз намуда, шумори парвозҳо аз Душанбе ба Урумчиро зиёд кунад.



