«Сомон Эйр» хатсайри нави ҳавоии Хуҷанд – Маскав боз мекунад

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» минтақаи парвозро густариш дода, ба самти Хуҷанд – Маскав хатсайри нави ҳавоӣ боз мекунад. Парвози нахуст тариқи ин хатсайр соати 22-00 вақти маҳаллӣ санаи 31-уми март сурат мегирад. Тавре аз ширкати мазкур хабар доданд, парвозҳо дар як ҳафта се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа дар ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг-737 анҷом […]



Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» минтақаи парвозро густариш дода, ба самти Хуҷанд – Маскав хатсайри нави ҳавоӣ боз мекунад. Парвози нахуст тариқи ин хатсайр соати 22-00 вақти маҳаллӣ санаи 31-уми март сурат мегирад.

Тавре аз ширкати мазкур хабар доданд, парвозҳо дар як ҳафта се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа дар ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг-737 анҷом дода мешаванд.

Ғайр аз ин, аз 1-уми апрел ширкат шумори парвозҳо ба Истамбулро афзуда, дар як ҳафта ду маротиба ба ин самт парвозҳо сурат мегиранд. Қаблан ба ин самт танҳо як парвоз – рӯзи якшанбе анҷом дода мешуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Call-марказ хабар доданд, арзиши билет ба як самт беш аз 400 ва аз самти дигар ҳудуди 370 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Айни замон ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Олмон (Франкфурти Майн), Аморати Муттаҳидаи Араб (Дубай), Туркия (Истамбул), Чин (Урумчӣ) ва шаҳрҳои Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск, Краснодар, Екатеринбург, Қазон ва Қазоқистон (Алмаато) парвозҳо анҷом медиҳад.

Аз Хуҷанд парвозҳо ба Санкт-Петербург, Красноярск, Ханти-Мансмйск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск, Оренбург, Тюмен, Қазон, Сочи, Нижневартовск ва акнун ба Маскав ҳам амалӣ мегарданд. Ба наздикӣ ширкат ният дорад, ки хатсайри нав аз Хуҷанд ба Урумчиро боз намуда, шумори парвозҳо аз Душанбе ба Урумчиро зиёд кунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.