Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар Парлумони Аврупо муаррифӣ шуд

Рӯзи 19 марти соли 2014 дар ш. Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо ба муносибати ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз муаррифии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, китоби мазкур бори аввал ба забони фаронсавӣ 10 марти соли 2014 нашр […]

ASIA-Plus



Рӯзи 19 марти соли 2014 дар ш. Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо ба муносибати ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз муаррифии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, китоби мазкур бори аввал ба забони фаронсавӣ 10 марти соли 2014 нашр карда шуда, аз ду ҷилд иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ вакилони Парлумони Аврупо ва мушовирони сиёсии онҳо, доираҳои илмӣ, муаррихон, шарқшиносон ва фарҳангшиносони аврупоӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, корманди масъули Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Шоҳигарии Белгия, доктори илмҳои таърих ва ҳафриётшиносӣ, профессори Донишгоҳи Гент Бруно Оверлет ҳамчун муҳаррири китоби мазкур ба ҳозирин дар бораи мӯҳтавои умумии китоб, ки таърихи тоҷиконро аз Ориён то Сомониён инъикос менамояд, маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ӯ ҷабҳаҳои таъриху фарҳанги бойи мардуми тоҷикро ба намояндагони Парлумони Аврупо шарҳ дода, махсусан қайд намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бисёр мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоб хеле хуб маҳфуз мондаанд ва ҷолиби диққати сайёҳони сершумор, таърихшиносон ва ҳафриётшиносони аврупоиву амрикоӣ ҳастанд.

Зикр мегардад, ки иштирокчиёни чорабинӣ ба асари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки он барои муҳофизат ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда расонидани он нақши муҳимро мебозад.

 Дар охири маҳфил ба ҳамаи ҳозирин нусхаи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ тақдим гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.