Ҳукми 21 соли зиндон ба роҳбари гурӯҳи террористӣ Алимурод Маханов

Суди олии Тоҷикистон имрӯз нисбати аъзои гурӯҳи Алимурод Маханов ҳукм содир намуд, ки онҳо ба амалҳои террористӣ гунаҳкор эътироф гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди олӣ хабар дод, роҳбари гурӯҳ Алимруод Маханов ба 21 соли зиндон маҳкум карда шудааст. «Дигар аъзои гурӯҳ – Амиралӣ Давлатов ба 19, Кенҷа Абдулҳақов ба 15, Сироҷ […]



Суди олии Тоҷикистон имрӯз нисбати аъзои гурӯҳи Алимурод Маханов ҳукм содир намуд, ки онҳо ба амалҳои террористӣ гунаҳкор эътироф гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди олӣ хабар дод, роҳбари гурӯҳ Алимруод Маханов ба 21 соли зиндон маҳкум карда шудааст. «Дигар аъзои гурӯҳ – Амиралӣ Давлатов ба 19, Кенҷа Абдулҳақов ба 15, Сироҷ Қараев ба 11 ва Сорбон Комилов ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардиданд», – зикр кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки Алимурод Маханов, пешвои эҳтимолии террористон ҳамроҳи аъзои гурӯҳ ахири моҳи сентябри соли 2013 аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шуд. Алимурод Маханов, тавассути барномаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гуфта буд, мехостанд чаҳор дарвозаи Душанбе, бинои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллиро дар арафаи интихоботи президенти моҳи ноябри соли гузашта битарконанд.

Дар ин барнома худи Маханов гуфта буд, ки аз соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафареро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст. Ӯ гуфта буд:  «Ман бачаҳоро барои омӯзиш ба Вазиристони Покистон равон мекардам, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доранд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.