Дар Ховалинг ду маркази солимӣ кушода шуд

Дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Ховалинг ду маркази солимӣ кушода шуд, ки метавонанд дар як рӯз 100 нафарро қабул ва муоина кунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ноҳияи мазкур хабар доданд, марказҳо дар ҷамоатҳои сераҳолии Ҷонбахт ва Сариосиёб, ки солҳои тӯлонӣ ба хизматгузории тиббӣ ниёзманд буданд,  мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба иттилои […]

Турко Дикаев



Дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Ховалинг ду маркази солимӣ кушода шуд, ки метавонанд дар як рӯз 100 нафарро қабул ва муоина кунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ноҳияи мазкур хабар доданд, марказҳо дар ҷамоатҳои сераҳолии Ҷонбахт ва Сариосиёб, ки солҳои тӯлонӣ ба хизматгузории тиббӣ ниёзманд буданд,  мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин имрӯз дар ҷамоати Сариосиёб китобхона ифтитоҳ гардида, он бо якчанд ҳазор нусха адабиёти соҳаҳои гуногун таъмин аст.

«Пагоҳ, рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз дар сатҳи ноҳия то даҳ иншооти таъиноти гуногун низ мавриди баҳрбардорӣ қарор мегиранд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.