Сокинони ВМКБ муҷозоти сардори Раёсати ВКД-ро талаб доранд

Ба иттилои шоҳидон, кормандони милисаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати ҳафт сокини ноҳияи Рӯшон аз қуввваи ҷисмонӣ истифода бурда, яке аз онҳо бо ҷароҳатҳои вазнини сутунмӯҳра дар бемористон бистарӣ шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз шоҳидони воқеъа хабар дод, санаи 18-уми март кормандони милиса таҳти роҳбарии сардори раёсат Файзулло Нозимов савори се автомашина каме […]

ASIA-Plus



Ба иттилои шоҳидон, кормандони милисаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати ҳафт сокини ноҳияи Рӯшон аз қуввваи ҷисмонӣ истифода бурда, яке аз онҳо бо ҷароҳатҳои вазнини сутунмӯҳра дар бемористон бистарӣ шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз шоҳидони воқеъа хабар дод, санаи 18-уми март кормандони милиса таҳти роҳбарии сардори раёсат Файзулло Нозимов савори се автомашина каме дуртар аз маркази ноҳия автомашинаи сокинони маҳаллиро боздошт намудааанд. Дар автомашина чор сокини ноҳияи Рӯшон – Худоёр Сардорови 24-сола ва бародарон Темуровҳо – Алиҷон, Шералӣ ва Алим қарор доштаанд.

«Кормандони милиса онҳоро гунаҳкор кардаанд, ки ба гузаштани мошини онҳо монеъа эҷод кардаанд ва онҳоро мавриди таҳқиру лату кӯб қарор додаанд. Ба автомашинаи сокинон аз автомати «Калашников»-и кормандони милиса тир холӣ шуд», – ҳикоя кард манбаъ.

Ба қавли шоҳидон, Х.Сардоровро пас аз лату кӯби тӯлонӣ ба дарё партофтаанд, вале хушбахтона, бинобар сабаби камобии дарё дар ин мавсим ӯро, ки беҳуш будааст об бо худ набурдааст. Хешону наздикони аз деҳаи Вамар ҳозиршуда Худоёрро аввал ба  беморхонаи ноҳия ва сипас ба беморхонаи вилоят бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 19-уми март дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Рӯшон ҳудуди 400 нафар сокинони маҳаллӣ гирдиҳам омада, муҷозоти сардори Раёсати ВКД ВМКБ ва кормандони милисаи ҳамроҳи ӯро талаб кардаанд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ бо намояндагони ҳукумати вилоят тасмим гирифта шудааст, ки бо ариза ба прокуратура муроҷиат карда шавад. Дар ариза бобати истифодаи ғайриқонунии аслиҳа, суистеъмол аз мансаб ва риоя накардани фармони президент дар бораи манъи бо аслиҳа дар маҳаллаҳои аҳолинишин гаштугузор кардан сухан меравад.

Ба сокинони ноҳия боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ваъда кардаанд, аммо онҳо дар ташвишанд, ки боз ҷабрдидагон дар курсии айбдорӣ қарор хоҳанд гирифт, зеро чандин маротиба дар ҳодисаҳои ба ин монанд бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳз ҳамин ҳолат ба амал омада буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.