То имрӯз дар кишзорҳои ҷумҳурӣ 70 фоизи ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда шуд

Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 218 ҳазору 390 гектар майдони кишти зироати ғалладона то имрӯз дар 157 ҳазору 60 гектараш ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин беш аз 70 фоизи ҳосили гандумро ташкил медиҳад. Сухангӯи вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки гандуми 140 ҳазору 954 гектар кӯфта шудааст. […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 218 ҳазору


390 гектар

майдони кишти зироати ғалладона то имрӯз дар 157 ҳазору 60 гектараш ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин беш аз 70 фоизи ҳосили гандумро ташкил медиҳад. Сухангӯи вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки гандуми 140 ҳазору

954 гектар

кӯфта шудааст.




Ба гуфтаи ӯ, ҳосили даравидаи гандум 268 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Соли гузашта ин рақам ба 203 ҳазору 342 тонна баробар буд. «Ҳосилнокии миёна аз ҳар гектар 19 сентнер аст», – гуфт ӯ.



Мувофиқи маълумоти вазорат, аз майдони умумии кишти зироати ғалладона, ки 284 ҳазору 237 гектарро ташкил медиҳад, дар 173 ҳазору

948 гектар

ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳаҷми умумии ҳосили кӯфташудаи зироати ғалладона ба беш аз 295 ҳазор тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳазор тонна зиёдтар аст. Аз вазорат иттилоъ доданд, ки соли равон норасоии зироати ғалладона пешбинӣ намегардад, зеро нисбат ба соли гузашта 30 фоиз бештар чунин зироат кишт карда шудааст. «Айни замон кишти такрорӣ гузаронида мешавад», – афзуд сарчашма.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова