Ҳисоботи ширкатҳои иҷозатномадор ба Саридораи геология

Ахири ҳафтаи гузашта дар Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати сардори идора Мурод Хол ва муовинони ӯ бо иштироки ширкатҳои дорои иҷозатнома ба гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологӣ дар Тоҷикистон машварати техникӣ доир гардид. Аз Саридораи геологияи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар машварат ҳисоботи ширкатҳои мазкур оид ба кори иҷрошуда дар […]

Заррина Эргашева



Ахири ҳафтаи гузашта дар Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати сардори идора Мурод Хол ва муовинони ӯ бо иштироки ширкатҳои дорои иҷозатнома ба гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологӣ дар Тоҷикистон машварати техникӣ доир гардид.

Аз Саридораи геологияи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар машварат ҳисоботи ширкатҳои мазкур оид ба кори иҷрошуда дар давоми соли 2013 ва нақшаҳо барои соли 2014 баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар машврат ҳамчунин ҳисоботи ширкатҳои машғул ба истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи бузургтарини ин соҳа – КМ «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Ширкатҳои машғул бо фаъолият тибқи созишномаи Бохтар дар бораи тақсими маҳсулот нақшаи корашон барои соли 2014-ро пешниҳод накарданд. Сардори Саридораи геология изҳори умедворӣ намуд, ки ба ин корҳо суръат бахшида шуда, ояндаи наздик ҳисобот пешниҳод мегардад, – гуфт манбаъ. – Ширкати Gazprom International корҳо дар қиьтъаи Сариқмишро идома дода, дар чоҳи нафту гази «Шаҳринав 1п» озмоишҳо мегузаронад».

Зимнан зикр гардид, ки ширкати Gazprom International ҳамчунин дар қитъаи дорои иҷозатномаи «Шоҳамбарии Ғарбӣ» низ корҳои иктишофиву геологӣ мегузаронад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.