Анонс
– Дар Душанбе маросими ифтитоҳи Фестивали IV-уми байнулмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» доир мегардад. Баҳри иштирок дар ин фестивал намояндагони театрҳои лӯхтаки 10 кишвари ҷаҳон – Эрон, Туркия, Фаронса, Русия, Испания, Белорус, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд;
– Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» ширкати Tcell хизматгузории нави худ – интернет 4 G-ро муаррифӣ мекунад;
– Лигаи занхои хуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки Ташкилоти байналхалқии ислоҳоти низоми маҳбас (PRI), Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ конференсияи минтақавии «Роҳ ба сӯи бекорсозии пурраи ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи кишвархои Осиёи Марказӣ»-ро баргузор менамояд. Конференсия дар Китобхонаи миллӣ баргузор мегардад. Оғози чорабини соати 08-30.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.8308
сомонӣ;
1
евро –
6.6522
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.13
45
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1926
– Ифтитоҳи Анҷумани аввалини Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон.
1928
– Дар Тоҷикистон ба ивази алифбои арабӣ хатти лотинӣ ҷорӣ карда шуд.
1938
– КИМ ва Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ ва ғайрирусӣ» қарор қабул карданд.
1985
– Таъсиси нашриёти «Шарқи Озод».
1996
– Таъсиси Шӯрои амнияти ҶТ, мақомоти машваративу тавсиявӣ, ки аз ҷониби президенти ҶТ ташкил мегардад.
2004
– Маликаи Ӯрдун Нур ба сифати сафири нияти неки БРСММ бо сафари серӯза ба Душанбе ташриф овард. Ӯ дар кори конфронси байнулмилалӣ оид ба мушкилоти минаҳои зидди пиёдагард дар минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок кард.
1878
– Зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ.
1899
– Мавлуди шоир Пайрав Сулаймонӣ.
1932
– Зодрӯзи нависанда Зайниддин Дӯстматов.
1937
– Мавлуди китобшинос-библиограф, мудири шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А.Фирдавсӣ, номзади илми филология Абдуллоҷон Юнусов.
1937
– Зодрӯзи наворбардор Анвар Мансуров.
1938
– Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Устоқадам Машрабов.
1942
– Зодрӯзи рассом Бек Наим.
1950
– Мавлуди актёри театру кино Шералӣ Абдулқайсов.
1952
– Зодрӯзи шоир ва табиби мардумӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ.
1952
– Мавлуди журналист Карим Мӯсо.
1955
– Зодрӯзи овозхон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Абдулло Султонов.
1958
– Мавлуди дипломат Саидбек Саидов.
1959
– Зодрӯзи ҷомеашинос Абдураҳмон Қурбонов.
1967
– Мавлуди олим Ғиёсиддин Сайфиддинов.
Вазъи обу
ҳ
аво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +9+14.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +7+12.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1+4, рӯзона +12+17; дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +3+8.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +22+24.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +19+21.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.





