Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Санкт-Петербург

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаҳои навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (17-18-уми апрел) ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия раҳсипор шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаҳои навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (17-18-уми апрел) ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия раҳсипор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар шаҳри Санкт-Петербург ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин дар кори форуми «Дурнамои иқтисодии Авруосиё» низ иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ ба ҳайати парлумонии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Убайдулло Давлатов, Амирқул Азимов, Олимҷон Салимзода, вакилон Давлаталӣ Давлатзода, Исмоил Талбаков, Саодат Амиршоева, Мунаввара Кенҷаева, Суҳроб Шарипов, аъзои палатаи болоии парлумон Қаҳҳор Маҳкамов, Иброҳими Абдуллозода ва дигарон шомиланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.