Зимни сафар ба шаҳри Ваҳдат президенти ҷумҳурӣ ба сохтмони корхонаи сементбарорӣ дар ин шаҳр ҳусни оғоз мебахшад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, иқтидори корхона тибқи лоиҳа истеҳсоли 500 ҳазор тонна семент дар як сол буда, маблағи сохтмон 81,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
«Паймонкори амалисозии лоиҳа ширкати чинии Beijing Uni-Construction Group Co. мебошад. Ин ширкат корхонаро бунёд ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуда, ба ширкати «Ваҳдат семент»-и Тоҷикистон месупорад, ки 100% молики ин корхона мебошад», – гуфтанд дар вазорат.
Қобили зикр аст, ки ширкати чинии Beijing Uni-Construction Group Co. ба корҳои таҷдиди корхонаи «Тоҷиксемент» низ машғул аст. Моҳи сентябри соли 2013 яке аз оташдонҳои ин корхона азнавсозӣ шуда, акнун бо истифода аз ангишт кор мекунад. Корҳои таҷдиди минбаъдаи корхона идома доранд.



