Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳиссаи алюминии аввалия дар ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон 51,2% ро ташкил дода, ҳиссаи алюминийи аввалия ва нахи пахта дар содироти Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба беш аз 67% аз ҳаҷми умумӣ баробар шудаааст.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар зарфи 3 моҳи соли равон алюминийи аввалия ба маблағи зиёда аз 116 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки 51,2% аз ҳаҷми умумии содироти ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҳиссаи нахи пахта дар ҳаҷми умумии содироти мамлакат 16%-ро ташкил дода, дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 36,4 млн. доллари ИМА ин навъи маҳсулот интиқол дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки алюминийи аввалия ва нахи пахта маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон мебошанд, ки ҳамасола ба ҳиссаи онҳо беш аз 70% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулот рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, миёни маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон дар ин давра ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ бештар аст, ки 17% аз ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба қаламрави кишвар ба маблаги умумии 161,6 млн. доллари ИМА маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст.
Ҳиссаи дигар маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон дар ин давра, аз ҷумла нақлиёти сабук – 7,3%, гилхок – 5,6%, гандум – 5,5%, гази моеъ – 4,5% ва орд – 2,3% аз ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад.



