Ҳукумат номгӯи бонкҳои дорои ҳуқуқи харидории аслиҳаро тасдиқ кард



Ёздаҳ бонки Тоҷикистон ба харидани аслиҳа ҳуқуқ доранд. Моҳи марти соли 2014 дар ин бора қарори дахлдор қабул гардида, қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи тадбирҳои таъмини амнияти бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31-уми январи соли 2006 иваз шуд.

Ҳамин тариқ, ба рӯйхати ин бонкҳо ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСК «Соҳибкорбонк», ҶСП , «Тоҷпромбонк», ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон», ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ҶСП «Фононбонк», ҶСП «Кафолатбонк» ва ҶСП «Спитамен Бонк» шомиланд.

Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амноатгузории «Амонатбонк» ба ин номгӯй шомил нестанд, чунки мақомоти давлатии бонкӣ буда, мутобиқи қонунҳои кишвар ба харидории аслиҳа ҳуқуқ доранд.

Аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки харидорӣ ва нигаҳдории аслиҳа тавассути мақомоти корҳои дохилии кишвар сурат мегирад.

«Барои дастрасии ҳуқуқ ҷиҳати харидории аслиҳа бонк бояд барои нигаҳдории аслиҳа хонаи алоҳида дошта бошад ва сипас баъди аз ҷониби ВКД маъқул шуморидани харидорӣ ва нигаҳдории он, аз анбори аслиҳа барои ҳифзи бонк аслиҳа харидорӣ намояд. Пас аз ин аслиҳаи қаблан харидаи бонкҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда дар тавозуни ин бонкҳо ба қайд гирифта мешавад», – гуфтанд дар ВКД ҶТ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар робита ба қабули қонун «Дар бораи аслиҳа» ва қарорҳои нави ҳукумат дар бораи тартиботи дастрасӣ ба аслиҳа дар Тоҷикистон, ВКД Тоҷикистон ҳудуди 20 санади меъёрӣ-ҳуқуқиро мавриди таҳияи қарор додааст, ки дар онҳо тамоми масъалаҳои марбут ба дар ихтиёр доштан, нигоҳдорӣ ва гирифтани иҷозатнома барои аслиҳа мушаххас зикр хоҳанд шуд.

spot_imgspot_img

Популярное