Пешниҳоди вакилони ҲНИТ-ро парлумон қисман пазируфт



Ба рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ даъвати чорум масъалаи баррасии лоиҳаи тағийроту илова ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», ки аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ пешниҳод шуда буд, ворид карда шудааст.

Яке аз муаллифони лоиҳаи тағйироту иловаҳои мазкур, вакили парлумон Саидумар Ҳусайнӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Кумитаи парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

танҳо ду пешниҳоди онҳоро

пазируфтааст. «Дар маҷмӯъ пешниҳодҳои моро вакилон дастгирӣ накарданд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи вакил, танҳо ду сархат аз лоиҳаи пешниҳодшуда аз ҷониби Кумита маъқул шуморида шудаанд. «Дар яке аз сархатҳо мо коҳиши маблағи гаравпулии интихоботӣ то 20 нишондиҳандаи ҳисоб (800 сомонӣ) ва баргардонидани гаравпулии интихоботӣ ба номзадҳо ба мансаби президентӣ дар сурати ба даст овардани 10%-и раъйи интихобкунандагонро пешниҳод карда будем. Қисмати аввали ин пешниҳод дастгирӣ наёфта, қисмати дуюм оид ба барградонидани гаравпулӣ пазируфта шуд», – гуфт С.Ҳусайнӣ.

Кумитаи дахлдори Маҷлиси намояндагон ҳамчунин боз як пешниҳоди намояндагони ҲНИТ дар бораи пур кардани протоколҳо бо қаламҳои рангаро пазируфт.

 С.Ҳусайнӣ зикр кард, ки яке аз бандҳои асосии пешниҳодҳои ҲНИТ аз шомил гардидани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ, ба муҳоҷирон додани ҳуқуқи иштирок дар интихобот ба сифати номзад ва ҳамчунин «имкон додан ба нозирони маҳаллӣ ҷиҳати гирифтани нусхаҳои шумори овозҳо» иборат буд.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки лоиҳаи пешниҳоднамудаи онҳо ҳамагӣ аз 8 банд иборат буд, ки барои шаффоф баргузор намудани интихобот мусоидат мекарданд, вале бо баҳонаҳои гуногун аз ҷониби кумитаҳои парлумон рад карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное