Бохти навбатии «Равшан» дар бозии охирини Ҷоми КФО

Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон оид ба футбол – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии охирини давраи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар меҳмонӣ бо дастаи «Сафо»-и Лубнон дар Бейрут баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 0 бар 8 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, бозии дигари ин гурӯҳ байни «Ал Сувайқ»-и Умон […]

ASIA-Plus



Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон оид ба футбол – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии охирини давраи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар меҳмонӣ бо дастаи «Сафо»-и Лубнон дар Бейрут баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 0 бар 8 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, бозии дигари ин гурӯҳ байни «Ал Сувайқ»-и Умон ва «Зат Рас»-и Урдун бо ҳисоби 0-0 хотима ёфт.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти имсолаи Ҷоми КФО дастаи «Равшан» дар ҳамаи шаш бозиҳо ба шикаст мувоҷеҳ гардида, ҳеҷ имтиёзе ба даст наовард ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шуд.

Дар гурӯҳи «А»-и мусобиқоти мазкур, ки дастаи «Равшан» дар он бозӣ мекард, пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ тимҳои «Сафо»-и Лубнон (16 имтиёз) ва «Зат Рас»-и Урдун (11 имтиёз) зинаҳои аввалро ишғол намуда, ба даври 1/8 финалии мусобиқот роҳхат гирифтанд. Дастаи «Ал-Сувайк» (Уммон) бо касби 7 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.