Корхонаи кимиёи Исфара барои мактаб-интернат бинои нав месозад

Чанде қабл раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода ба сохтмони бинои нави муосир барои мактаб-интернати махсуси кӯдакони биноиашон норасо ҳусни оғоз бахшид. Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сохтмони бинои нави мактаб-интернат ба маблағи беш аз 600 ҳазор сомонӣ комилан аз ҷониби ҶДММ «Корхонаи кимиёи»-и […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода ба сохтмони бинои нави муосир барои мактаб-интернати махсуси кӯдакони биноиашон норасо ҳусни оғоз бахшид.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сохтмони бинои нави мактаб-интернат ба маблағи беш аз 600 ҳазор сомонӣ комилан аз ҷониби ҶДММ «Корхонаи кимиёи»-и шаҳр маблағгузорӣ мешавад. «Мавриди истифода қарор додани иншооти мазкур 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Тешаев, айни замон дар мактаб-интернати мазкур зиёда аз 80 нафар тарбиятгирандагон аз бисёр ноҳияҳои вилояти Суғд иқомату таҳсил мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.