Мақоми 26-уми Тоҷикистон дар рейтинги КФО

Дар рейтинги нишондиҳандаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) миёни 46 кишвар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон зинаи 26-умро ишғол мекунад . Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, агар то ахири сол дар ин рейтинг ҳеҷ тағийрот ба вуҷуд наояд, пас дар мавсими соли 2015 Тоҷикистонро дар мусобиқоти Ҷоми КФО ду даста намояндагӣ мекунанд. Ба иттилои […]

ASIA-Plus



Дар рейтинги нишондиҳандаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) миёни 46 кишвар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон зинаи 26-умро ишғол мекунад

.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, агар то ахири сол дар ин рейтинг ҳеҷ тағийрот ба вуҷуд наояд, пас дар мавсими соли 2015 Тоҷикистонро дар мусобиқоти Ҷоми КФО ду даста намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳолат чемпиони Тоҷикистон мусобиқотро аз даври гурӯҳӣ ва дорандаи Ҷоми футболи миллӣ аз марҳилаи интихобӣ оғоз мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар рейтинги КФО мақомҳои аввалро дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саъудӣ ва Эрон ишғол мекунанд.

Рейтинги КФО шумораи ҷойҳои кишварҳои конфедератсия дар мусобиқоти минбаъдаи Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО муайян мекунад.

Кишварҳое, ки дар зинаи аз 1 то 24-ум қарор доранд, ба иштирок дар мусобиқоти Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО ҳуқуқ доранд. Ду дастаҳои кишварҳои зинаҳои аз 25 то 32-юм дар мусобиқоти Ҷоми КФО ширкат варзида, ду дастаҳои давлатҳои дар зинаҳои 33-47-ум қарордошта дар давраҳои интихобии Ҷоми КФО қувваозмоӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.