Шаҳрдории пойтахт тӯйи арӯсии 90 ҷуфт навҷавононро баргузор мекунад

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахти кишварро доро гардидани шаҳри Душанбе ва ба истиқболи 17-умин солгарди Рӯзи ваҳдат мақомоти шаҳрдории пойтахт тӯйи арӯсию домодии 90 ҷуфт  навҷавонон ва хатнасури 360 кӯдакон аз оилаҳои ниёзмандро баргузор мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар иҷлосияи ҳаждаҳуми  Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  […]

ASIA-Plus



Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахти кишварро доро гардидани шаҳри Душанбе ва ба истиқболи 17-умин солгарди Рӯзи ваҳдат мақомоти шаҳрдории пойтахт тӯйи арӯсию домодии 90 ҷуфт  навҷавонон ва хатнасури 360 кӯдакон аз оилаҳои ниёзмандро баргузор мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар иҷлосияи ҳаждаҳуми  Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум дар ин бора тасмим гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия ҳамчунин масъалаи омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони оянда низ барррасӣ шудааст.

«Дар иҷлосия ба масъалаҳои марбут ба риояи меъёрҳои санитария дар шаҳр, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон, фаъолияти хадамоти  бартараф сохтани садамаҳо дар қубурҳои оби гарм, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои мубрами хоҷагидории пойтахт низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд», – иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.