Оғози баррасии шикоят аз болои қарор оид ба парвандаи «зиёиён»

Рӯзи сешанбе, 29-уми апрел дар суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии адвокатҳои газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба парвандаи «Зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» баррасӣ мешавад. Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 25-уми феврал оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» қарор содир намуда , идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга […]

ASIA-Plus



Рӯзи сешанбе, 29-уми апрел дар суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии адвокатҳои газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба парвандаи «Зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» баррасӣ мешавад.

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 25-уми феврал оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс»

қарор содир намуда

, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри радия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён»

(Неинтелегентно об интеллигенции)

аз ҷониби муҳаррир, даъвогарон – Академияи илмҳо, Иттиҳоди нависандагон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди меъморон ва се шахси воқеӣ – Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х. Раҳматов аз суд дархост карданд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Дар

мурофиаи рӯзи 13-уми феврал

намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев изҳор намуда буд, ки «онҳо далели паҳн кардани маълумоти пастзанандаи обрӯву мартабаи кориро, ки ба даъвогарон зиёни маънавӣ расонидааст, собит кардаанд».

Зимни сухани ниҳоии худ дар музокироти ҷонибҳо намояндагони газета – Иноят Иноятов ва Шуҳрат Қудратов бо пешниҳоди далелҳо изҳор намуданд, ки тамоми асосҳои қаблан изҳоршудаи даъвогарон ғайриқонунӣ ва бепояанд.

Санаи 18-уми март адвокатҳои газета ва муҳаррири он аз болои қарор шикоят бурда, зикр карданд, ки ҳалномаи мазкур «беасос» ва «ғайриқонунӣ» аст. Онҳо зикр карданд, ки Тутубалина барои суханони Ленин аз нигоҳи ҳуқуқӣ масъул буда наметавонад.

Ин ҳалномаи суд вокуниши манфии ҷомеаи журналистӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷиро ба бор овард, ки онҳо ин қарори судро маҳкум намуданд.

Созмони ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» аз низоми адолати судии Тоҷикистон даъват кард, ки ҳалномаи суд нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина бекор  ва аз суди апеллятсионӣ баррасии беғаразонаи ин қазияро дархост кард. «Ин қарори бемаънӣ ба фаъолияти журналистикаи мустақили тоҷик таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд меоварад», – изҳор дошт роҳбари шуъбаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқии созмони мазкур Иоганн Бир.

Намояндаи САҲА оид ба масъалаҳои озодии ВАО Дуня Миятович зимни суханронӣ дар Конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили озодии расонаҳои хабарӣ дар Ню-Йорк дар робита ба ин қарори суд изҳори таассуф намуда, зикр кард, ки он ба сатҳи озодии баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.

Ассотсиатсияи миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) қарори судро «зарба ба озодии васоити ахбори умум» арзёбӣ кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.