Сокинони Буни Ҳисорак аз ночорӣ ба Пан Ги Мун муроҷиат карданд

Суди зинаи таҷдиди назар (кассатсионӣ)-и шаҳри Душанбе шикояти сокинони маҳаллаи Буни Ҳисорак аз болои қарори суди шаҳрӣ дар бораи ҷуброни зиёнро, ки ба иллати кӯчонидани манзили онҳо расонида шуда буд, рад кард. Манзилҳои сокинони маҳаллаи Буни Ҳисоракро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳанӯз аввалҳои соли 2010 барои бунёди боғи аттраксионҳои «Боғи пойтахт» дар он ҷо кӯчонида буданд. […]

Меҳрангез Турсунзода



Суди зинаи таҷдиди назар (кассатсионӣ)-и шаҳри Душанбе шикояти сокинони маҳаллаи Буни Ҳисорак аз болои қарори суди шаҳрӣ дар бораи ҷуброни зиёнро, ки ба иллати кӯчонидани манзили онҳо расонида шуда буд, рад кард.

Манзилҳои сокинони маҳаллаи Буни Ҳисоракро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳанӯз аввалҳои соли 2010 барои бунёди боғи аттраксионҳои «Боғи пойтахт» дар он ҷо кӯчонида буданд. Шаҳрдории Душанбе ба сокинони ин маҳалла дар манзилҳои навбунёд хона ҷудо кард, вале ба чанде аз хонаводаҳо манзил ё қитъаи замин ҷудо нагардид, зеро сабаб оварда шуд, ки онҳо манзилҳояшонро ғайриқонунӣ дар ин маҳалла сохтаанд. Ҳарчанд боғи нав кайҳо бунёд шуда бошад ҳам, лекин 14 оила то ҳол пайи дарёфти адолатанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» яке аз сокинони ин маҳалла Икром Тешаев хабар дод, суди шаҳри Душанбе низ мисли суди ноҳияи Сино баҳсро ба манфиати маъмурияти шаҳр ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ғайриқонунӣ ва тариқи зӯроварӣ манзилҳои онҳоро кӯчониданд, ҳаллу фасл намуд. Суди зинаи таҷдиди назари шаҳри Душанбе низ қарори пешинаро бетағйир боқӣ гузошт.

«Мо то зинаи охир талош хоҳем варзид. Айни замон ман бо оилаам дар хобгоҳи Донишгоҳи аграрӣ иқомат дорам», – гуфт Тешаев ва илова намуд, ки онҳо ба унвони Дабири кулли СММ Пан Ги Мун аризаи дастаҷамъона навиша, посухи онро интизоранд.

Астанақул Қосимов, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба

Радиои Озодӣ

гуфтааст, ҳалнома дар асоси қонунҳои ҷории кишвар содир шудааст. Қосимов зикр кардааст, ки баррасии шикояти Тешаев ва ҳаммаҳалаҳояш нишон дод, ки манзили зисти ӯ ҳуҷҷате надоштааст ва онҳо дар маҳаллаи Буни Ҳисорак  ғайриқонунӣ манзили зист бунёд карда буданд.

Ин додрас ҳамчунин изҳор намудааст, ки кормандони милиса ҳам вазифаҳои хидматии худро ифо кардаанд ва ба ҳеҷ қонуншикание роҳ надодаанд. Ба гуфтаи вай, пас аз даҳ рӯз, қарори суд ба сокинон дода мешавад ва онҳо боз метавонанд, аз болои он ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят баранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.