Боздиди ҳайати Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз АНМН

Чанде қабл зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров бо ҳайати Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини раиси ин Кумита Нургали Билисбеков дар Душанбе атрофи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифта, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки фаъолият дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро муайян карданд. Бино ба иттилои […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров бо ҳайати Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини раиси ин Кумита Нургали Билисбеков дар Душанбе атрофи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифта, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки фаъолият дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро муайян карданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар мулоқот ҳамчунин масоили вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа, рушди ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт, роҳандозии табодули маълумот нисбат ба роҳбарони гурӯҳи ҷиноятпеша ва аъзои гурӯҳҳои қочоқбарони фаромиллӣ ва ташкили тадбирҳои муштарак ҷиҳати боздошт ва безарар гардонидани онҳо баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот мушкилоти марбут ба методологияи арзёбии маводи мухаддири афғонӣ, ки тариқи «Хатсайри шимолӣ» интиқол меёбад, низ мавриди муҳокима қарор гирифта, зикр гардид, ки ҷиҳати такмили методология ин масъаларо мебояд дар ҳамдастӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои минтақа ва созмонҳои байнулмилалӣ баррасӣ намуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.