АНМН: Мусодираи 4 кило маводи мухаддир дар Суғд

Рӯзи 29-уми апрел кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сокини 36-солаи маҳаллӣ боздошт карда шуд. Дар вақти кофтуков аз ӯ халтаи полиэтиленӣ мусодира гардид, ки дар дохили […]

ASIA-Plus



Рӯзи 29-уми апрел кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сокини 36-солаи маҳаллӣ боздошт карда шуд.

Дар вақти кофтуков аз ӯ халтаи полиэтиленӣ мусодира гардид, ки дар дохили он се адад бастаҳои печонида шуда бо маводи рангаш сабз мавҷуд буд.

Маводи нашъаовар барои ташхис равон карда шуд. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи нашъаовари мусодирашуда гашиш буда, вазни он қариб чор килограммро ташкил менамояд.

Аз рӯи ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, боздоштшуда дастгир гардид. Айни ҳол чорабиниҳои тафтишотӣ-оперативӣ давом доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.