Суди шаҳрӣ қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи парвандаи «Зиёиён алайҳи Азия-Плюс»-ро бетағйир боқӣ гузошт.
Коллегияи судии суди шаҳр, ки имрӯз 30-юми апрел баргузор шуд, шикояти кассатсионии нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалинаро қонеъ накарда, қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи парвандаи «Зиёиён алайҳи Азия-Плюс»-ро бетағйир боқӣ гузошт.
Аммо сарфи назар аз ин, ҷониби ҷавобгар ният дорад, ки дарҳол пас аз дастрас шудани қарори коллегияи кассатсионӣ, минбаъд ба зинаҳои дигар муроҷиат намуда, аз болои қарори суд бо тартиби назоратӣ ба суди шаҳр ва Суди олии Тоҷикистон шикоят барад.
Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 25-уми феврал оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс»
қарор содир намуда
, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.
Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён»
(Неинтелегентно об интеллигенции)
аз ҷониби муҳаррир, даъвогарон – Академияи илмҳо, Иттиҳоди нависандагон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди меъморон ва се шахси воқеӣ – Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х. Раҳматов аз суд дархост карданд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ, рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.
Дар
мурофиаи рӯзи 13-уми феврал
намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев изҳор намуда буд, ки «онҳо далели паҳн кардани маълумоти пастзанандаи обрӯву мартабаи кориро, ки ба даъвогарон зиёни маънавӣ расонидааст, собит кардаанд».
Зимни сухани ниҳоии худ дар музокироти ҷонибҳо намояндагони газета – Иноят Иноятов ва Шуҳрат Қудратов бо пешниҳоди далелҳо изҳор намуданд, ки тамоми асосҳои қаблан изҳоршудаи даъвогарон ғайриқонунӣ ва бепояанд.
Санаи 18-уми март адвокатҳои газета ва муҳаррири он аз болои қарор шикоят бурда, зикр карданд, ки ҳалномаи мазкур «беасос» ва «ғайриқонунӣ» аст. Онҳо зикр карданд, ки Тутубалина барои суханони Ленин аз нигоҳи ҳуқуқӣ масъул буда наметавонад.
Ин ҳалномаи суд вокуниши манфии ҷомеаи журналистӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷиро ба бор овард, ки онҳо ин қарори судро маҳкум намуданд.
Созмони ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» аз низоми адолати судии Тоҷикистон даъват кард, ки ҳалномаи суд нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина бекор ва аз суди апеллятсионӣ баррасии беғаразонаи ин қазияро дархост кард. «Ин қарори бемаънӣ ба фаъолияти журналистикаи мустақили тоҷик таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд меоварад», – изҳор дошт роҳбари шуъбаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқии созмони мазкур Иоганн Бир.
Намояндаи САҲА оид ба масъалаҳои озодии ВАО Дуня Миятович зимни суханронӣ дар Конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили озодии расонаҳои хабарӣ дар Ню-Йорк дар робита ба ин қарори суд изҳори таассуф намуда, зикр кард, ки он ба сатҳи озодии баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.
Ассотсиатсияи миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) қарори судро «зарба ба озодии васоити ахбори умум» арзёбӣ кард.



