Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси солонаи БОР дар Остона

Дар Маҷлиси ҳамасолаи 47-уми Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд (БОР), ки аз 2 то 5-уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир мегардад, ҳудуди 3 ҳазор нафар иштирокчиён, аз ҷумла вазирони молия, раисони бонкҳои миллӣ, тоҷирони маъруф, сармоягузорон, журналистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз саросари ҷаҳон ширкат меварзанд. Бино ба иттилои намояндаги БОР дар Тоҷикистон, мавзӯи […]

Заррина Эргашева



Дар

Маҷлиси ҳамасолаи 47-уми

Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд (БОР), ки аз 2 то 5-уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир мегардад, ҳудуди 3 ҳазор нафар иштирокчиён, аз ҷумла вазирони молия, раисони бонкҳои миллӣ, тоҷирони маъруф, сармоягузорон, журналистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз саросари ҷаҳон ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои намояндаги БОР дар Тоҷикистон, мавзӯи имсолаи маҷлис «Роҳи абрешим васлгари Осиё бо ҷаҳони тағйирпазир» буда, дар он ба масъалахои беҳбуди робитаҳои минтақавӣ ва афзоиши рушд дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва хориҷи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин маҷлис Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ ва ҳамзамон идоракунандаи БОР аз Тоҷикистон сарварӣ мекунад. Дар маҷлис ҳамчунин Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, идоракунандаи алтернативии БОР аз Тоҷикистон ва роҳбарони се бонки тиҷоратии ҷумҳурӣ низ иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда 1,2 млрд. доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.